Хабарҳо
Ҳамоиши бозгӯи эҳтиром ба Парчами давлатӣ
«Дар ҷаҳони муосир Парчами давлатӣ ин нишонаи истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад». Ин нукта дар суханронии ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода зимни таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ рӯзи 23 ноябр таъкид гардид. Ректор сараввал аҳли толорро бо ин санаи муҳим муборакбод намуда, қайд кард, ки парчам шиносномаи ҳар давлат буда, аз рӯйи он кишварро ба расмият мешиносанд.
- Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдату ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад,- гуфт ректор.
Мавсуф ба таърихи парчамдории халқи тоҷик руҷуъ намуда, афзуд, ки дар таърихи тамаддун ва фарҳанги бою қадимии давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи ҷолибу тӯлонӣ дорад. Ӯ аз шакли парчами Коваи оҳангар, парчами давраи шӯравӣ ва давраи соҳибистиқлолӣ ёдрас шуд. Ҳамзамон, рангҳои Парчами давлатиро тафсир намуда, гуфт, ки ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, таъкид дошт ректор.
- Ҳар яки мо бояд зери Парчами давлатӣ сарҷамъу муттаҳид гардида, баҳри ободию шукуфоии сарзаминамон — Тоҷикистон саъю талош намоем,- гуфт дар ҷамъбаст Абдуалимзода Ҳ.
Баъдан озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Диплом, мукофотпулӣ ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар баробари ин, чандин дастовардҳое, ки аз ҷониби устодону донишҷӯён дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст оварда шуда буданд, муаррифӣ ва соҳибони онҳо бо Ифтихорномаи ДДМИТ қадрдонӣ карда шуданд, ба мисли Юнусов А., директори Китобхонаи илмии донишгоҳ барои ишғоли ҷойи дуюм дар озмуни ҷумҳуриявии “Китобхонаи беҳтарини сол”, Пиримова Ш., донишҷӯи курси 4, факултети ҳисобдорӣ ва омор барои ишғоли ҷойи сеюм дар озмуни даври шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо Диплом ва мукофотпулӣ, Қурбонов С., барои ишғоли ҷойи аввал дар чемпионати Осиё оид ба вазнбардорӣ бо Диплом.
Ҳаваскорони шуъбаи фарҳанги донишгоҳ – Қурбонов Т., Муҳаммадиева Г., Шарипов Д., Мунисаи Ҳамрохон барои фаъолияти пурсамари фарҳангӣ бо Ифтихорномаи донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Дар идома Гулчеҳра Муродова, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ баромад намуда, барои ташкили озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба раёсати ДДМИТ изҳори сипос намуда, онро барои тақвияти маърифати ҳуқуқии донишҷӯён таъсирбахш номид.
Дар охир барои фароғати ҳозирин барномаи шавқовари фарҳангӣ пешкаш гардонида шуд, ки фарогири рақсу сурудҳои ватандӯстона ва саҳначаи ҳаҷвӣ аз ҳаёти донишҷӯён буда, барои густариши худшиносии миллии иштироккунандагон мусоидаткунанда буд.
Машҳура Абдуллоева