Хабарҳо
Парчами миллӣ - нишонаи истиқлол
Санаи 21-уми ноябри соли 2022 дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишгоҳ чорабинии сиёсӣ – тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Парчам баргузор гардид, ки дар он доираи васеи устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ва бо намоиши филм оид ба Парчами давлатӣ оғоз ёфт. Дар рафти ҷамъомад аз ҷониби донишҷӯёни факултет дар бораи Парчами давлатӣ шеърҳо қироат шуданд.
Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами худ муаррифӣ мегардад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш зиёд мешавад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлоли комил ва умед ба фардои нек мебошад.
Воқеан, дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ нишони якпорчагӣ, худмухторӣ ва ваҳдати миллӣ буда, давлат тавассути он дар ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати мутамаддину бомаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллату Ватан ва ҳидоятгару раҳнамои мардум ба сӯи шукуфоӣ ва зиндагии босаодат мебошад.
Сипас Қ.Ҳомидова дар мавзуи “Заминаҳои таърихии Парчам” маъруза намуда, қайд намуд, ки парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Парчами давлатии Тоҷикистон хамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ, аз ҷумла рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар давлатҳо дар фазои созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки ин, албатта, мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми тоҷикон мебошад. Парчами давлатӣ, дар ҳакиқат, нишонаи бақои миллату давлат, ваҳдату ҳувияти миллӣ аст. Он беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон маҳсуб мешавад.
Дар анҷоми чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ аз тарафи садорати факултет ба 5 нафар донишҷӯён, ки дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамуданд, ифтихорнома тақдим гардид.
Ш.Гурезов, эдвайзер оид ба тарбия