Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои мубрами рушди илмҳои дақиқ

Баррасии масъалаҳои мубрами рушди илмҳои дақиқ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири инкишофи қобилияти азхудкунии насли наврас ва ҷавонон ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Бинобар ин, солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шудааст. Ба ин хотир дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат чорабиниҳои махсус доир карда мешавад. Бахшида ба ин бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ дар донишгоҳ санаи 29-уми ноябр конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар замони муосир» доир гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ Ф.Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ оғоз намуда, қайд кард, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 дар ҷумҳурӣ «Бистсолагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»эълон гардид, ки ин бесабаб нест. Зеро маҳз рушди ин фанҳо барои пешравии иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири мусбат мерасонад. 
Баъдан Нурулло Усмонов, профессори кафедраи математикаи олӣ дар мавзуи «Сингулярные случаи краевой задачи Римана для сложного контура» баромад карда, аз натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии хеш дар ҳамҷоягӣ бо олимони Институти гидродинамикаи Новосибирск маълумоти мукаммал дод ва қайд намуд, ки масъалаи мазкур барои истихроҷи газу нафт истифода бурда мешавад ва дар дигар давлатҳо низ аз он ба таври васеъ корбаст мекунанд. 
Сипас Шамсиддинов Ф., д.и.ф.м., профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав бо маъруза баромад намуда, дар бораи татбиқи системаҳои математикӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ маълумоти мушаххас дод. Дар идома Наталя Просоедова, корманди илмии маҷаллаи «Ахбороти Академияи миллии илмии Тоҷикистон» дар бораи академики АМИТ Леонид Григоревич Михайлов ёддоштҳои хешро манзури ҳозирин гардонид. Мавсуф доир ба ҳамкориҳояш бо ин олими намоёни соҳаи математика ва корҳои илмию тадқиқотии эшон истода гузашт. 
Маърузаи А.Маҳмадмуродов, досенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ дар мавзуи «Ба энергияи химиявӣ табдил додани энергияи офтоб» манзури ҳозирин гадонида шуда, хеле актуалӣ буд. Мавсуф дар бораи аз энергияи офтоб истифода бурдани аҳолӣ андешаҳояшро иброз дошт. Ӯ гуфт, ки барои истифодаи васеи энергияи офтоб баъзе омилҳои боздоранда мавҷуданд, ба мисли нисбатан паст будани зичии сели нурҳои офтоб; вобастагии нурҳои офтобии ба сатҳи Замин афтанда аз боду ҳаво, мавсим ва вақти шабонарӯзӣ; зарурати табдилдиҳии энергияи офтоб ба энергияи ба истифодабарии инсон қулай ва монанди инҳо. Ҳатто новобаста ба ин пурра гузаронидани энергетика ба энергияи офтоб дар сатҳи имрӯзаи техникӣ шояд масъалаи аз нуктаи назари муҳандисӣ ҳалшаванда бошад, хулоса кард Маҳмадмуродов А. 
Дар хотима С. Темурбекова, н.и.ф.м., декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар мавзуи «Пешравиҳо ва норасоиҳои технологияи информатсионӣ дар пешрафти иқтисодиёти рақамӣ» баромад намуд. Ӯ дар бораи таърихи пайдоиши иқтисодиёти рақамӣ ва мафҳуми «иқтисодиёти рақамӣ» маълумот дода, қайд намуд, ки барои рушди иқтисодиёти рақамӣ ҷоринамоии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зарур аст ва барои ин омилҳои таъсиррасон мавҷуданд, ба мисли суръати пасти интернет, гаронии нархи он, мутобиқат накардани воситаҳои техникӣ, норасоии мутахассисони соҳа ва надоштани донишҳои кофии аҳолӣ оид ба истифодаи ТИ ва ба монанди инҳо. Ҳамзамон чанд омили рушди иқтисодиёти рақамиро номбар ва барои рушди бемайлони он тавсияҳои судманди илман асоснок низ кард. 
Конфронс дар бахшҳои табиатшиносӣ, риёзӣ, методикаи таълими математика, информатика ва барномасозӣ идома кард ва дар онҳо зиёда аз 170 маъруза пешниҳод шуд. 


Машҳура Абдуллоева