Хабарҳо
Солимии ҷомеа-боигарии миллат
29-уми ноябри соли равон дар донишгоҳ мулоқоти намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Р.Раҳмонова, мутасаддии барномаи ВНМО, С.Фозилбекова, мутахассиси Маркази ВНМО дар шаҳри Душанбе, С. Саидова, духтури минтақавӣ дар хобгоҳи донишҷӯён ва М.Ҳакимова, ҳамшираи калони ДДМИТ иштирок доштанд. Сараввал донишҷӯи курси савуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар мавзуи «ВНМО яке аз бемориҳои хатарнок» баромади пурмуҳтаво намуд.
Мутахассисони соҳаи тиб зимни баромад қайд намуданд, ки ВНМО бемориест, ки онро барангезандаҳои норасоии масунияти бадан пайдо менамоянд ва танҳо дар ҳуҷайраҳои қувваи муҳофизавӣ инкишоф ёфта метавонад. Ин беморӣ дар аввал нишона надорад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 13,500 нафар мубталои ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бадбахтона, аллакай 47 нафари онҳо вафот намуданд. Дар шаҳри Душанбе бошад, алҳол зиёда аз 3000 нафар мубталоёни ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Баромадкунандагон, ҳамчунин, дар масъалаи тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳҳои пешгирии бемориҳои сил ва нашъамандӣ фикрҳои ҷолиб баён карда, ба ҳозирин маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар охир донишҷӯён бо истифода аз таҷҳизоти соҳавии тандурустӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, ба онҳо варақаҳои таблиғотии пешгирӣ аз бемориҳои ВНМО, сил ва нашъамандиро тақдим намуданд.
Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил чорабиниҳо барои болобурди маърифати гигиению тиббии аҳолӣ мусоидат намуда, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ замина мегузорад.
Тағоймурод Эшзода