Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тамошои филмҳои мустанад

Тамошои филмҳои мустанад

Ҷиҳати огоҳӣ ёфтан аз раванди бадастории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик имрӯз дар чанд толорҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон донишҷӯён филмҳои мустанади «Хиёнат» ва «Шикасти фитна»-ро тамошо карданд. Ин филмҳо аз хиёнаткориҳои душманони миллат нақл мекунад. Зарур аст, ки ҳар кадоми мо хоин ва душмани миллатро шиносем, ба ваъдаҳои онҳо дода нашавем. Имрӯзҳо хоинони миллат мехоҳанд ба сулҳу суботи кишвар рахна зананд ва дастовардҳои кишварро нодида мегиранд. Имрӯзҳо дар кишвари азизи мо дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо дида мешаванд, ки дар саргаҳи онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд ва маҳз бо талошҳову раҳнамоии Сарвари давлат мо ба ин натиҷаҳо расидем. 
Бинобар ин, мо бояд ба қадри ин дастовардҳо бирасем ва барои тавсеаи онҳо бикӯшем. Барои ин, махсусан ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мавқеи хеш устувор бошанд ва аз Ватани худ дифоъ кунанд. 
Донишҷӯён баъди тамошои филмҳои мазкур ба худ як ҷаҳон таассурот бардоштанд. 


Тағоймурод Эшзода