Хабарҳо
Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош!
Санаи 3-юми декабри соли равон бо иштироки Раҳмон Далер, Ализода Тоҷиддин, Сайфуллозода Нодира ва Юсуфзода Зубайдулло, судяҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар борам масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҷомеа аз амалҳои хусусияти ҷиноидошта, махсусан терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандӣ ва монанди инҳо вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯёни зиёде иштирок намуданд.
Сардори раёсати корҳои тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода чорабиниро кушода, гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон чун шахсони ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибмаърифат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҷодаи ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва пойдории сулҳу амонӣ дар кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Фаъолияти мақомоти қудратӣ ҳамон вақт осон мегардад ва самар медиҳад, ки шаҳрвандон қонунҳоро риоя намуда, ба ҳуқуқвайронкунӣ ва беинтизомии атрофиён бетараф набошанд.
Меҳмонон дар баромади худ дар бораи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои ҳуқуқии қонунгузорӣ, истифодаи шабакаҳои интернетӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ изҳори андеша намуданд. Бинобар ин, вазифаи падару модарон, омӯзгорон ва ҳар як фарди худшиносу ватандӯст ин аст, ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гиранд, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоянд.
Дар музокира сардори бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷовидон Халифазода баромад намуда қайд кард, ки танҳо бо ҳабс кардан ин мушкилот ҳал намешавад. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмондани хатои онҳо ва оқибати нохуши он истифода бурд.
Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриҳо барои тақвияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва бартарафсозии омилҳои ба он мусоидаткунанда дар ҷомеа мебошад.
Тағоймурод Эшзода