Хабарҳо
Тарбия дар руҳияи муҳаббат ба халқу ватан
Санаи 3-юми декабри соли равон маҷлиси васеи падару модарони донишҷӯёни курсҳои якуми факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ доир гардид, ки дар он Бунафшамоҳ Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия, намояндагон аз раёсати корҳои тарбиявӣ, декани факултет, эдвайзерон, мудирони кафедраҳо ва устодон ширкат варзиданд
Сараввал Ғиёсиддин Ғафуров, декани факултет волидони донишҷӯёнро барои ташриф овардан ба боргоҳи илму маърифат хайра мақдам гуфта, иштироки падару модаронро дар таълиму тарбияи фарзандон нишон аз ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо арзёбӣ намуд.
Б. Қодирова дар баромади худ дар доираи масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо истода гузашта, барои баланд бардоштани интизом ва сифати таълим масъулиятшиносии ҳаматарафа ва робитаи байни падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро зарур донист. Ӯ таъкид кард, ки донишҷӯёнро мебояд ба масъалаҳои фарҳанги либоспӯшӣ, давомот ва эхтиромгузорӣ ба шахсияти худ ва ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд.
Дар анҷом декани факултет чанд нафар волидони донишҷӯёнеро, ки хониши хубу аъло ва тарбияи хубу интизоми намунавӣ доранд, бо сипосномаҳо сарфароз гардонид.
Тағоймурод Эшзода