Хабарҳо
Зарра-зарра барф меборад сафед…
Зимистони нуқрафом тайи панҷ рӯз мешавад, ки меҳмони хонадони ҳар яки мост. Бо омад-омади фасли дай аз ҳама зиёд шодиву нишоти кӯдакон меафзояд. Зеро эшон дар фасли зимистон ба барфбозию яхмолакбозӣ машғул шуда, аз барф сохтани бобои барфӣ ва ҳар гуна ашёҳоро дӯст медоранд. Ҳамин аст, ки ҳама хурду калон омадани зимистонро интизорӣ кашида, ангуштшуморӣ мекунанд.
Зимистони имсола чанд соатаке пеш меҳмони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳам гардида, симои ин даргоҳи илму маърифатро бо боридани зарраҳои сафеду нуқрагуни худ дигаргун намуд ва ба қалби донишҷӯёну устодон ва кормандони он шодию фараҳ овард.
Гулҳои садбарги шукуфта ва баргҳои хазоншуда дар дарахти чанор гӯиё ба худ қабои сафед ба бар намуда, аз омад-омади соли 2023 хабар медиҳанд. Яъне, ки Паланги зарринмӯй ҷояшро ба Харгӯшаки сафедаки маҳинмӯй медиҳад.
Кош, дили ҳамагон мисли зарраҳои барфи сафеди донишгоҳи мо сафед бошад. Кош, ҳама орзуҳои дар аввали сол дар дили кӯчак парваридаи мо амалӣ шаванд. Кош, донишҷӯёни мо дар ҷодаи илму маърифат дар соли Харгӯш ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил шаванду обрӯю эътибори Донишгоҳи моро боз ҳам баланд бардоранд ва бигзор роҳи ин раҳнавардон ҳамеша чун барфҳои лаклакӣ сафед бошад.
Тағоймурод Эшзода