Хабарҳо
Баррасии муаммоҳои рушди низоми молиявӣ
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия, факултети молия ва қарз ва Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Молия»-и ДДМИТ рӯзи 6-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Муаммоҳои инкишофи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба иқтисодиёти индустриалӣ-инноватсионӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода кушода, аҳли нишастро бо Рӯзи кормандони мақомоти молия муборакбод намуда, қайд кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии молияи давлатӣ вобаста ба талабот ташаккул ёфт. Яке аз падидаҳои асосии ин низом интишори пули миллӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷети давлатӣ мебошад.
- Барои мо, коллективи омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, боиси ифтихор аст, ки муассиси ин таълимгоҳ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дастгирии муассис ҳама вақт эҳсос карда мешавад,- гуфта ректор ба роҳбарияти вазорат изҳори сипос намуд.
Баъдан Каримзода Ҷамшед, муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо Рӯзи молиячиён муборакбод намуда, мавзуи матраҳшавандаро мубрам ва барои ҳалли муаммоҳои молиявӣ ва, умуман, иқтисодиёти кишвар аҳаммиятнок арзёбӣ кард.
Мавсуф қайд намуд, ки тайи солҳои охир, ки дар ҷаҳони мутамаддин буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, натиҷаи паҳншавии бемории ҳамагир ба иқтисодиёти кулли мамлакатҳо ва аз он ҷумла ба Тоҷикистон низ таъсир расонд.
- Маҳз баргузории ин қабил конференсияҳо барои ҳалли муаммоҳои низоми молиявӣ дар заминаи илмӣ мусоидат мекунад,- гуфт Каримзода Ҷ.
Ҳамчунин, дар конференсия Нигина Абдураҳмонзода, директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди бозори сармоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, дар бораи вазъи ин ниҳод маълумот дод. Ӯ қайд намуд, ки пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадилии он дар ҳамаи давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад. Рушди бозори коғазҳои қиматнок, аз он ҷумла бозори такрорӣ дар замони муосир аз ҳалли масъалаҳои иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла, фаъолгардонии сохторҳои бозори сармоя, густариш ёфтани бозори коғазҳои қиматноки ширкатҳои давлатию хусусӣ, равона шудани захираҳои озоди пулӣ аз сармоягузорон ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт вобаста аст. Бозори коғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ яке аз бахшҳои молиявии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, метавонад барои ҷалби маблағҳои озод ва ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт сармоягузорӣ намудани онҳо мусоидат намояд.
Дар идома Бобохон Бобоев, Сардори раёсати маблағгузории сармоягузории асосии давлатии сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Такмили муносибатҳои байнибуҷетӣ асоси рушди инноватсионии иқтисодиёт» баромад намуда, принсипҳои асосии байнибуҷетиро чунин маънидод кард, ки инҳо тақсим ва вобаста кардани хароҷот ба сатҳҳои муайяни низоми Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; аз рӯйи меъёрҳои муваққатӣ тақсим намудани даромадҳои танзимшаванда байни сатҳҳои низоми буҷети давлатӣ; баробарии ҳуқуқии буҷетии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фондҳои мақсаднок ва монанди инҳо мебошад.
Мавсуф қайд намуд, ки дар ҷараёни таҳияи буҷети давлатӣ Вазорати молияи ҶТ пешниҳодҳои мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо назардошти пешниҳоди раёсатҳои соҳавӣ ҷамъбаст намуда, ба комиссияи буҷетии байниидоравии назди вазорат барои муҳокима пешниҳод менамояд ва дар натиҷа дар шаклҳои дотатсия, субвенсия ва қарзи буҷетӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ кумаки молиявӣ расонида мешавад, ки инҳо тавозуни буҷетҳои маҳаллиро танзим менамоянд. Ӯ қайд намуд, ки дар соли 2022 36 шаҳру ноҳия ба минтақаҳои субвенсионӣ дохил мешаванд.
Дар охир Баҳром Шарипов, профессори кафедраи кори бонкӣ дар мавзуи «Арзёбии самаранокии механизми танзимкунандаи фаъолнокии саноати Тоҷикистон» ва Давлаталӣ Қурбонализода, ассистенти кафедраи молия дар мавзуи «Муаммоҳои ташаккули молияи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карданд.
Дар ҷамъбаст ба саволҳои зиёд баромадкунандагон посухҳои мушаххас доданд ва музокира сурат гирифт.
Пас аз нисфирӯзӣ конфронс дар ду бахш – молия ва қарз ва бахши умумииқтисодӣ корашро идома дод ва дар он 50 маъруза шунида шуд.
Дар анҷом ба мақомоти дахлдор тавсияҳои илман асоснок пешниҳод карда мешавад.
Машҳура Абдуллоева