Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тақвияти муқовимат бо коррупсия

Тақвияти муқовимат бо коррупсия

“Дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид”. Ин нуктаро Ҷурахонзода Б., муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим зимни баромад дар вохӯрӣ бо донишҷӯёну омӯзгорон, ки санаи 6 декабри соли равон доир гардид, иброз дошт. 
Ҷурахонзода Б. дар идома афзуд, ки бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд. 
Дар вохӯрӣ Турсунзода Ш., сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе иштирок ва баромад карда, қайд кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз барои решакан кардани амалҳои коррупсионӣ дастҷамъона мубориза мебаранд. Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия дар қаламрави кишвар тадбирҳои судманд андешидааст. Аҳолии ҷумҳурӣ имрӯз аллакай дарк кардаанд, ки амалҳои коррупсионӣ барои пешрафт ва рушди ҷомеа монеа эҷод мекунанд. Бинобар ин, дар пешгирӣ ва мубориза бо он нақши омӯзгорону донишҷӯён калидӣ ба ҳисоб меравад. 
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда вазифадор шудаанд, ки барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҷӯӣ намоянд. Дар донишгоҳ низ ба зуҳуроти ин амали номатлуб бетараф набояд буд ва чораҳои пешгирикунандаро дар ин самт роҳандозӣ бояд кард. 
Ёдовар мешавем, ки чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабинии дохилиидоравии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои соли 2022 ҷиҳати иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025 баргузор гардид.