Хабарҳо
Филми мустанади «Шикасти фитна» макри бадхоҳони миллатро фош намуд!
Санаи 7-уми декабри соли 2022 бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Филми мустанади «Шикасти фитна» макри бадхоҳони миллатро фош намуд!» дар хобгоҳи №2-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ-маърифатӣ доир гардид.
Нахуст, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷовидон Халифазода дар бораи саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик изҳори андеша кард.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ филми мустанади «ШИКАСТИ ФИТНА» намоиш дода шуд, ки як идда саркардаҳои гурӯҳҳои ҷинояткор ва раҳбарияти “Паймони миллӣ”, ки онро ҳамагон бо номи ТТЭ ҲНИ мешиносанд, то кадом андоза маккор ва найрангбоз будаанд. Филми мазкур дар сатҳи баланд бо далелҳои раднопазир ба навор гирифта шуда, бо забони содаву фаҳмо ба ҷаҳониён кирдорҳои пасипардагии наҳзатиҳо ва нафарони ба он дастдоштаро ба ҷомеа ошно намуд. Ин филм аз хиёнаткориҳои душманони миллат нақл мекунад. Зарур аст, ки ҳар кадоми мо хоин ва душмани миллатро шиносем, ба ваъдаҳои онҳо дода нашавем.
Имрӯзҳо хоинони миллат мехоҳанд ба сулҳу суботи кишвар рахна зананд ва дастовардҳои кишварро нодида мегиранд. Имрӯзҳо дар кишвари азизи мо дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо дида мешаванд, ки дар саргаҳи онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд ва маҳз бо талошҳову раҳнамоии Сарвари давлат мо ба ин натиҷаҳо расидем.
Бинобар ин, мо бояд ба қадри ин дастовардҳо бирасем ва барои тавсеаи онҳо бикӯшем. Барои ин, махсусан ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мавқеи хеш устувор бошанд ва аз Ватани худ дифоъ кунанд.
Дар охир саволу ҷавоб доир гардида, донишҷӯён аз чорабинии тарбиявӣ-маърифатии имрӯза ба худ як ҷаҳон таассурот бардоштанд.
Ҷовидон Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ