Хабарҳо
Нақши ҲХДТ дар таҳкими камолот ва рушди маънавии ҷавонон
- 28 сол муқаддам дар замони мураккаб ҳадафи аввалини сокинону шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо зинда мондан буд. Вазъи идеологӣ дар кишвар торафт мураккаб мешуд ва дидгоҳи идеологӣ дар мафкураи иддае характери иртиҷоӣ дошт. Дар чунин як замони душвор мебоист ниҳоди сиёсие ба майдони идеологии кишвар ворид мегардид, ки манфиатҳои миллатро мароми оинномавии худ қарор диҳад. Бо ҳамин мақсад, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар он замон ба унвони Ҳизби Халқии Тоҷикистон дониста мешуд, рӣйи саҳнаи сиёсӣ омад ва марому мақсади мардуми Тоҷикистонро ҳадафи оинномавии худ қарор дод, - гуфт ҷавонтарин вакили маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Сино, сардори Раёсати тарбияи ДДМИТ Абдулло Давлатзода зимни ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди ҲХДТ таҳти унвони «Нақши ҲХДТ дар таҳкими камолот ва рушди маънавии ҷавонон», ки дар ДДМИТ доир гардид.
Дар ҷаласаи идона муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Баҳодур Ҷӣрахонзода ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Сино, инчунин, устодону донишҷӣёни ДДМИТ иштирок намуданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода дар ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки таҷлили таъсисёбии ҳизб дар айёме рост омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон зери таъсироти фараҳбахш 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӣрои Олиро қайд намуданд. Аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ҷиҳати татбиқи қарорҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб кӣшиш намуда истодаанд. Бо мақсади таҷлили сазовори 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои сохторҳои болоӣ ҳизбиёни ҷавони ноҳияи Сино баҳри рушди ояндаи худ аз андешаҳои созанда ѓизои маънавӣ гирифта, дар таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ саҳм мегузоранд.
Ба андешаи номбурда, ҲХДТ яке аз ҳизбҳои пешсаф ва пешоҳанги ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор рафта, дар сафҳои худ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро, ки ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизбро дастгирӣ менамоянд, муттаҳид кардааст. Ҳизби мазкур зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз умқи андешаи халқ сарчашма мегирад ва ҳадафи аслии он бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва ба мерос гузоштани як давлати ободу осоишта ба наслҳои баъдӣ мебошад.
Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода дар суханрониаш қайд кард, ки ин Ватанро ба ғайр аз мо касе ҳифз ва обод намекунад. Ҷавонон агар ояндасози миллат бошанд, ин масъулиятро ба уҳда мегиранд. Бетарафӣ марг аст. Мо бояд мақому манзалати худро дар ҷомеа дошта бошем ва баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамеша тайёр бошем.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ҳизб ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Имрӣз, хушбахтона, дар сафҳои ин ҳизб наздик ба 600 ҳазор нафар ба ҳам омадаанд, ки аксари онҳоро ҷавонони лаёқатманду босавод ташкил медиҳанд.
Номбурда аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ мисол овард: «Ҳизби мо бояд минбаъд низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин роҳ, пеш аз ҳама, тавассути барномаҳои худ барои фароҳам овардани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварад».
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, дар навбати худ, зикр намуд, ки аз замони таъсисёбии ҳизб ба масъалаи ҷавонон ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардид ва то имрӣз ҳам дар ҷараён аст.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо, дар замони Иттиҳоди Шӣравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 мактаби олӣ мавҷуд буд, имрӣзҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба 43 адад мерасад. Инчунин, 40 ҳазор нафар ҷавонони мо дар 28 муассисаи хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.
Донишҷӣи фаъол Макнуна Шерзода дар бораи ҷавонон ва ҳизб баромади пурмуҳтаво намуд.
Инчунин, дар идома муроҷиатномаи ҷавонони фаъол дар мавзуи «Нақши ҲХДТ дар таҳкими камолот ва рушди маънавии ҷавонон» қироат гардид.
Дар анҷом аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, корҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ бахшида ба 28-солагии ҲХДТ як қатор ҷавонони фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Наврӯз Ҷобиров