Хабарҳо
«Мо якҷояем!». Манижа Солиҳова - аъзои ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Москва
Аз 4 то 8 декабри соли равон Манижа Солиҳова, донишҷӯи курси 4-уми факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар шумори як ҳайате аз ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Форуми байналмилалии ҷавонон зери унвони "Мо якҷояем!", ки дар он намояндагони 46 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд, қарор дошт.
Дар ин форум Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин иштирок намуда, иштирокчиёнро бо Сипоснома ва мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ кард.
Ҷоиза барои саҳм дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллии Федератсияи Россия то соли 2030 дода мешавад. Вазифаи асосии он эътироф ва дастгирии роњбарони ташаббусҳои муҳими иҷтимоиест, ки ба кумак ба одамон ва беҳтар кардани сифати зиндагӣ дар ҷаҳон нигаронида шудааст.
Зимни сафар ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Россия ширкат варзид, ки онро муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода ва муовини директори Агентии федералии кор бо ҷавонони Россия Денис Аширов ифтитоҳ намуданд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия барои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Россия заминаи мусоид фароҳам оварда, имрӯз ҳамкории ин ду кишвари дӯсту бародар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.
Дар форум намояндагони ташкилоти кор бо ҷавонони Тоҷикистон ва Россия, марказҳои ҷавонон ва волонтёрон иштирок намуда, аз фаъолияти худ маълумот пешниҳод ва барои ҳамкорӣ омодагии худро баён намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба мубодилаи таҷриба дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намуда, ҳамкориро миёни ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон, марказҳои ҷавонон ва волонтёрон густариш мебахшад.
Форум дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон баргузор гардид.