Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳизби сулҳпарвар

Ҳизби сулҳпарвар

Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 8-уми декабри соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии «Байналмилалчиён»-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино чорабинии тантанавӣ ва соати сиёсӣ гузаронида шуд, ки дар он меҳмонон аз кафедраи гуманитарии донишгоҳ - ассистентон С. Ҳабибов, С. Ҳакимов ва Ҷ. Ҷангиев ширкат варзиданд. 
Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоии «Байналмилалчиён»-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино Қ. Муқимов ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии ҳизб табрик ва таҳният гуфт ва иброз дошт, ки барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои рушди устувори Тоҷикистон, ободию пешрафт ва аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босубот мебошанд. Мусаллам аст, ки ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волояти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои рушду пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. 
Бо мақсади ҳар чӣ зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади ҷаласаҳои ҳизбӣ суханронӣ карда, мардуми кишварро ба осоиштагӣ ва сулҳу оромӣ, зиндагии шоиста ҳидоят менамоянд. 
Дар давоми ҷаласа С. Ҳабибов ва С. Ҳакимов сухан карда, иброз доштанд, ки дар даврони басо душвори сиёсиву иқтисодӣ бо мақсади таъмини амнияти миллӣ, сулҳу оромӣ, пойдории давлат, муҳайё намудани шароити хуби зиндагонӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуда, то имрӯз ба ҳадафҳои неки худ ноил гашта истодааст. Ҳизби мазкур душвориҳои сиёсиву низомиро нигоҳ накарда, барои осоиштагии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон талош варзидааст. Сиёсати пешгирифтаи ҳизб пешгирии омилҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм, зӯроварӣ дар оила, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, таблиғи эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватану миллат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонунгузорӣ, инчунин, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошад. 
Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ ва соати сиёсӣ Қ.Муқимов қайд намуд, ки фаъолияти софдилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори мо ҷавонон буда, пайравии воқеӣ ба чунин ҳизби сулҳпарвар моро ба қуллаҳои баланди меҳнатӣ, ватандӯстӣ, рушди минбаъдаи Тоҷикистон мерасонад. 


Ф. Чориева, эдвайзер оид ба тарбияи факултети МИБ