Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ҲХДТ - ҳимоятгари манфиатҳои мардум

ҲХДТ - ҳимоятгари манфиатҳои мардум

Бахшида ба 28-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 7 декабри соли равон ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Технологҳои муосир»-и КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино баргузор гардид. 
Дар ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии “Технологҳои муосир” Темурбекова С.Д. сухан ронда, гуфт, ки ҲХДТ манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад. 
Ҳизб барои иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш ба харҷ дода истодааст. 
Сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Давлатзода Абдулло сухан ронда, чунин қайд кард, ки ҲХДТ дар тӯли 28 соли фаъолияти пурсамари худ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни дигар ҳизбҳои сиёсию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ обрӯ пайдо карда, ҳамчун ҳизби ғамхор, содиқ ба халқу миллат шинохта шуд. 
Дар идома гуфта шуд, ки ҲХДТ, дар ҳақиқат, ҳизби халқӣ буда, баҳри расидани орзую умеди халқ ба зиндагии шоиста саъю талош намуда истодааст ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар ояндаи начандон дур мо ба ваъдаю барномаи қабулнамудаи Сарварамон муваффақ хоҳем гардид. 


Воҳидов У., муовини декан оид ба илми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт