Хабарҳо
Ман аъзо шудан ба ҲХДТ-ро ифтихор медонам!
Бахшида ба 28-умин солгарди ҲХДТ садорати факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ санаи 8-уми декабри соли равон таҳти унвони «Ман аъзо шудан ба ҲХДТ-ро ифтихор медонам!» ҷаласаи ҳизбӣ баргузор гардид. Дар оғоз, раиси ташкилоти ибтидоии «Ҳисобдор»-и кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ғиёсиддин Ғафуров баромад намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин, иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд.
Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлоли сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд. Ҳизб дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва санадҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин, Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад.
Сипас, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзода дар бораи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа гуфта шуд, ки тибқи ин барнома ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Ф. Саъдуллозода, эдвайзер оид ба тарбияи факултети ҳисобдорӣ ва омор