Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Барои таҳқиқи бонкҳо ва буҳрони молиявӣ»

«Барои таҳқиқи бонкҳо ва буҳрони молиявӣ»

Дар ДДМИТ бо иштироки намояндагони раёсати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитаменбонк» ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» хонишҳои нобелӣ таҳти унвони «Ҷоизаи Нобел ва илмҳои иқтисодӣ» доир гардид. 
Дар он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода дар мавзуи «Барои таҳқиқи бонкҳо ва буҳронҳои молиявӣ» маъруза намуд. 
Омили аслии чунин ном гирифтани мавзуъ дар он аст, ки олим Бен Барнанке аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷоизаи Бонки миллии Шведсияро дар соҳаи илмҳои иқтисод ба хотири Алфред Нобел, ки он ба таври ғайрирасмӣ ва рамзӣ ҷоизаи Нобел дар соҳаи иқтисодиёт номида мешавад, маҳз барои таҳқиқи бонкҳо ва буҳрони молиявӣ ба даст овард. Аз ин рӯ, қисмати зиёди ҷаласа маҳз ба мавзуи рушди бонкҳо бахшида шуда буд. 
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фирӯз Қодиров зимни ифтитоҳи чорабинӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки дар донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои ҷумҳурӣ ҳамеша ҷаласаҳо доир карда мешаванд ва ин дар пайвандии назария бо амалия нақши муҳим дорад. 
- Ҷоизаи Нобел ҷоизаи бузурги сатҳи ҷаҳонӣ буда, ҳамасола ба шахсони сазовор дода мешавад ва доир намудани чунин чорабиниҳо дар сатҳи донишгоҳ барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи зеҳнии устодону донишҷӯён аз аҳаммият холӣ нест, - гуфт Ф. Қодиров. 
Профессор Шариф Раҳимзода дар оғози суханронии хеш зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паёмҳои солонаашон «Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» баробари дигар соҳаҳову самтҳои рӯзмарра ба масъалаи бонкҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Инчунин, ба Бонки миллӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои муфид пешниҳод менамоянд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фаъолияти бонкҳо ва амалӣ гардидани тадбирҳои зарурӣ ва ислоҳи камбудиҳо баҳри рушду пешрафти бонкҳо ва дар маҷмуъ, ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа равона гардидааст. Ҳамзамон, дарҷи масъалаи бонкҳо дар Паём аз ба таври зарурӣ эътироф кардани бонкҳо гувоҳӣ медиҳад. 
Ш. Раҳимзода дар идомаи маъруза дар бораи Алфред Нобел ва ҷоизаи ӯ изҳори андеша намуд. Алфред Нобел химик, физик ва ихтирокори шведӣ буда, солҳои 1833-1896 умр ба сар бурдааст. Худи ӯ ҷамъ 355 ихтироот дорад. Ҷоизаи Нобел яке аз ҷоизаҳои бонуфузтарину обрӯмандтарини дунёст, зеро он насиби шахс барои комёбиҳое мегардад, ки аҳаммияти умумибашарӣ доранд. Ин ҷоиза ҳамасола ба олимон, донишмандон, ходимони сиёсӣ барои натиҷаҳои таҳқиқоти илмии хосса, асарҳои бадеии махсус ё саҳми сазовор дар рушди ҷомеа, таъмини сулҳу субот дар дунё дода мешавад. 
Он ба олимони соҳаи физика, химия, физиологияю тиб, адабиёт ва ҷоиза барои сулҳ дода мешавад. То ҳол 863 нафар аз 25 ташкилот соҳиби ин ҷоиза гардидааст. Илми иқтисод дар меросномаи Нобел нест, вале соли 1969 Бонки давлатии Шведсия ба муносибати 300-солагиаш Ҷоиза дар соҳаи илмҳои иқтисод ба номи Алфред Нобелро таъсис додааст. То имрӯз 94 нафар соҳиби ин ҷоиза гардидаанд. 
Дар охири хониши нобелӣ музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт. 


Наврӯз Ҷобиров