Хабарҳо
Озмуни донишгоҳии беҳтарин донандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи аудит
Санаи 10-уми декабр дар факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ озмуни донишгоҳи “Беҳтарин донандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи аудит”, ки тӯли як ҳафта идома дошт, ҷамъбаст гардид. Дар он декани факултет Ғ. Ғафуров суханронӣ намуда, саҳми кафедраи аудит ва ревизияро барои дар сатҳи баланд ташкил, баргузор намудани озмун ва қадрдонии ғолибон назаррас ҳисобид.
Баъдан, мудири кафедраи аудит ва ревизия Ё. Тилабов ҳадафи баргузории озмунро ба аҳли нишаст маънидод намуданд.
Сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Е. Мирзоева низ дар навбати худ фаъолияти кафедраи аудит ва ревизияро дар самти баргузор намудани чорабиниҳои илмии сатҳи гуногун мусбат ҳисобид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ин озмуни донишгоҳӣ 34 нафар донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар охир, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз тарафи деканат қадрдонӣ карда шуданд.
Тағоймурод Эшзода