Хабарҳо
“ҲХДТ - Мактаби бузурги сиёсии Пешвои миллат”
Зери ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати мамлакат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҳизб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулини кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, зиёиёну донишмандон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, олимону муҳаққиқони ҷавон ширкат намуданд.
Зимни баргузории ин конференсия роҳбарони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд. Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Молия ва иқтисод"-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои фаъолияти пурсамари ҳизбӣ ба Ифтихорномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ сарфароз гардонида шуд.
Қобили зикр аст, ки зери роҳбарии Ҳакимбек Абдуалимзода фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидои "Молия ва иқтисод" ба марҳилаи нави рушд ва муваффақиятҳо ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои оинномавии ҳизб беш аз пеш қадамҳои устувор мегузорад.