Хабарҳо
Футзалбозони ДДМИТ - барандаи соли 2022
Футзалбозони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар даври финалии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал, ки миёни дастаҳои варзишии муассисаҳои миёна ва олии касбии кишвар бо ибтикори Федератсияи футзали Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, дастаи футзалбозони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳисоби 5 бар 5 (4 бар 2) мағлуб намуда қаҳрамони футзали кишвар шуданд.
Гуфта мешавад, ки ин мусобиқа давоми моҳи ноябр-декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он дастаҳои футзалбозони ҳама муассисаҳои миёна ва олии касбии кишвар ширкат варзиданд.
Аз рӯйи натиҷаи ниҳоӣ медалҳои биринҷиро дастаи футзалбозони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, медалҳои нуқраро дастаи футзалбозони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоятан медалҳои тилло ва Ҷоми мусобиқаро дастаи футзалбозони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соҳиб гардиданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки дастаи футзалбозони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Собир Шокиров ба ҳайси сармураббӣ ва Исматулло Аҳадов ба ҳайси мураббӣ роҳбарӣ мекунанд.
Ин бори нахуст аст, ки дастаи футзалбозони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, Ҷом ва медалҳои тиллоии онро соҳиб мегардад.
Ҷ. Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон