Хабарҳо
Аввалин тадқиқоти илмӣ дар журналистикаи сайёҳӣ
Санаи 15-уми декабри соли равон дар маҷлиси Шурои диссертатсионии 6D.KOA-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Мурод Муродӣ, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Молия ва иқтисод»-и ДДМИТ Машҳура Абдуллоева аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 - рӯзноманигорӣ дар мавзуи «Баррасии масъалаҳои сайёҳӣ дар матбуоти даврии тоҷик» (дар мисоли нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» - солҳои 2015-2020) дараҷаи илмии номзади илмҳои филологияро бомуваффақият ҳимоя намуд.
Бояд қайд кард, ки сайёҳӣ ҳамчун василаи шинохти халқҳо аз замонҳои қадим дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши назаррас дорад. Он барои тоҷикон низ таърихи тӯлонӣ дошта, ниёгонамон ба он эътибори ҷиддӣ медоданд. Инсоният дар тӯли мавҷудияташ маҳз тавассути сайёҳӣ олами атрофро шинохт, сарзамину кишварҳои навро кашф кард, ба табодули савдо рағбат намуда, онро бо мавзуъҳои таърихӣ ва фарҳанги халқиятҳои гуногун ошно гардонд ва ба ин васила, ҳаёти иҷтимоияшро дигаргун сохт.
Аҳаммият ва мубрамияти мавзуи мазкур ба он асоснок мегардад, ки фаъолияти сайёҳӣ дар мамлакат ислоҳотро тоқазо мекунад. Ин ислоҳот тавассути дарёфти роҳҳои замонавии ҷалби сайёҳон, ба шакл даровардани наъвҳои нави сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, таъсиси журналистикаи сайёҳӣ, ба талаботи ҷомеаи муосир мувофиқ намудани тарғиби соҳаи сайёҳӣ дар ВАО, бахусус матбуоти даврӣ, баланд бардоштани мазмуну мундариҷаи матолиб, фаврият ва шеваи пешниҳоди мавод ва монанди ин сурат гирифта метавонад.
Ин омилҳо нақши назаррас доштани матбуоти давриро дар баррасии масъалаҳои сайёҳӣ дар кишвар собит месозанд ва, аз ҷониби дигар, зарурат ва аҳаммияти таҳқиқоти илмии мазкурро нишон медиҳанд.
Тибқи назарияи намояндагони Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин кори илмӣ дар соҳаи журналистикаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин буда, он метавонад барои рушди сайёҳӣ қадамҳои устувор гузорад.
Мо, аҳли устодон ва кормандони ДДМИТ, ин дастоварди илмиро ба муаллимаи азиз муборакбод гуфта, барояш муваффақиятҳои нави эҷодӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно дорем.
Ҳайати эҷодии шуъбаи табъу нашри ДДМИТ