Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Саҳни донишгоҳ гулзорро мемонад

Саҳни донишгоҳ гулзорро мемонад

Санаи 17-уми декабри соли равон барои ободу зебо гардонидани гирду атроф, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву гулгашту майдонҳо дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шанбегӣ гузаронида шуд. 
Дар рафти шанбегӣ ҷӯйборҳои обгузар ва гузаргоҳҳо аз партовҳо тоза ва бехи дарахту буттаҳо мулоим карда шуданд. 
Тавре маълум аст, ободу зебо кардани ҳар як гӯшаи диёр ва сарсабз намудани хонаву коргоҳ тадбирҳоеанд, ки аз шаҳрвандон масъулияти баланд ва ватандӯстии амиқро талаб менамояд. Ҳамин аст, ки дар донишгоҳ пайваста ободкориҳо ба роҳ монда мешавад. Имрӯзҳо саҳни ҳавлии таълимгоҳ гулзореро мемонад, ки бо диданаш дилу дидаи инсон мунаввар мегардад ва барои фаъолияти беҳтар ва хониши намунавӣ таконбахш аст. 
Бино ба иттилои сардори Раёсати хоҷагидории донишгоҳ Мирзошариф Мирзоолимов, дар рафти гузаронидани шанбегӣ гирду атрофи майдонҳо рӯбучин, бехи ниҳолу буттаю дарахтон нарм карда шуданд. Ҳамчунин, 9300 дона гулҳои мавсимӣ, 25 дарахти ороишӣ ва дар масоҳати 240 метри мураббаъ кабудизоркуниҳо ба анҷом расонида шудаанд. 
Ҳар кас мехоҳад симои донишгоҳро дар ҳолати назаррабо ва дилкаш бинад. Ҳамин аст, ки мо масъулияти бештареро ҳис мекунем. Барои кормандон шароити хуби корӣ муҳаё гардида, ҳамеша онҳо дастгирӣ меёбанд. 
Албатта, ин ҳама пешравиҳою ободкориҳо зери роҳбарии Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори донишгоҳ сурат мегирад ва метавон гуфт, ки ободкориҳо ҷавҳари фаъолияти ӯро ташкил медиҳад. Умед дорем, ки дар оянда низ коллективи меҳнатӣ сарҷамъона барои ободии диёр ва пешравии таълимгоҳ ҷидду талош меварзанд ва рисолати хешро софдилона иҷро менамоянд. 
Дар донишгоҳ корҳои ободонию кабудизоркунӣ бо вусъати баланд идома дорад. 


Тағоймурод Эшзода