Хабарҳо
Озмуни донишгоҳии «Иншои беҳтарин»
Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 16-уми декабри соли равон дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ озмуни донишгоҳии «Иншои беҳтарин» дар мавзуи “Мавлоно Балхӣ ва доди сухан” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева оғоз намуда, дар бораи мақсади гузаронидани озмуни мазкур маълумот дод.
Пасон мудири кафедраи забони тоҷикӣ дотсент М. Раҳмонов ва профессори кафедра Н. Аслонова оид ба фаъолият ва мероси адабии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баромад намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар озмуни мазкур беш аз 35 нафар донишҷӯён аз ҳамаи факултетҳои донишгоҳ фаъолона ширкат варзиданд.
Ғолибони озмун барои қадрдонӣ ба раёсати донишгоҳ пешниҳод гардиданд.
Тағоймурод Эшзода