Хабарҳо
Паём - дастури корӣ ва созанда
Санаи 23 декабри соли равон дар чанд толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳайати профессорон, устодон, кормандон ва донишҷӯён ҷамъ омада, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ мустақиман тариқи телевизион бо хушнудӣ тамошо карданд. Пешвои миллат дар Паёмашон самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, маориф, тандурустӣ, сиёсати занон ва бонувон, иқтисодиёту иҷтимоиётро ҳаматарафа таҳлил намуда, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Бояд қайд кард, ки аҳли коллективи ДДМИТ ҳамасола аз рӯи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, аз рӯйи он фаъолият мебаранд. Ҳамин аст, ки онҳо Паёмро ҳамчун дастури корӣ ва созанда баҳри фаъолияти пурсамар қабул намуда, иҷрои онро барои худ зарурӣ ва ҳатмӣ медонанд.
Тағоймурод Эшзода