Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамкориҳои дутарафаи судманд

Ҳамкориҳои дутарафаи судманд

Дар доираи ҳамкории судманд байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, тибқи банди 34-уми Нақшаи чорабиниҳои Вазорати молия оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, таҳти №112 оид ба “Баргузор намудани машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони масъули Раёсати дурнамо ва таҳлили воридоти андозӣ ва ғайриандозии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усулу моделҳои нави дурнамои даромади давлатӣ” санаи 15-уми декабри соли ҷорӣ ходимони илмии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Молия” Х. Ҷумъабоев, устодони ДДМИТ У. Воҳидов ва С. Маъдиев барои кормандони Сарраёсати андози Вазорати молия ва раёсатҳои молияи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар мавзуи “Дурнамосозӣ тавассути моделҳои эконометрикӣ” дарсҳои амалиро баргузор намуданд. 
Лозим ба ёдоварист, ки донишҳои азхуднамудаи шунавандагон ба онҳо имконият медиҳад, ки дар рафти таҳияи стратегияи миёнамуҳлати даромадҳои давлатӣ бо истифода аз моделҳои регрессионӣ мавриди истифода қарор диҳанд. 


Тағоймурод Эшзода