Хабарҳо
Моҳияти истифодабарии воситаҳои техникии назорати гумрукӣ
Бо иштироки корманди Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти хадамоти гумрук С. Туманов ва донишҷӯёни курси чоруми тахассуси гумрук дар озмоишгоҳи навтаъсиси гумрукии донишгоҳ дар мавзуи «Мақсад ва моҳияти истифодабарии воситаҳои техникии назорати гумрукӣ» дарси кушоди муаллими калони кафедраи гумрук полковники хадамоти гумрук М. Маҳмадҷонов баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки воситаҳои техникии назорати гумрукӣ маҷмуи воситаҳои махсуси техникие мебошад, ки мақомоти гумрук бевосита дар ҷараёни назорати оперативии гумрукии тамоми молҳои тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолёбанда бо мақсади дар байни онҳо ошкор намудани ашё, мавод ва воситаҳои воридоту содироташон мамнуъ ё ба декларатсия номувофиқ истифода мебаранд.
Воситаҳои техникии дар гумрук истифодашаванда бояд дорои чунин хосиятҳои техникӣ бошанд: сохти одӣ, эътимоднокӣ, коршоямии тӯлонӣ, таъмирпазирӣ, нигоҳдорӣ ва пурдоштӣ ва саҳеҳӣ (барои воситаҳои ченкунӣ).
Дар хотимаи машғулият донишҷӯёну магистрантон бо сохт ва тарзи истифодабарии сохти муоинавӣ ва асбобҳое, ки дар гумруку дидбонгоҳҳои гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирон ва боғоҷи онҳо, инчунин молу воситаҳои нақлиёт истифода бурда мешаванд, шинос шуданд.
Гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ба донишҷӯёни соҳаи гумрук имкон медиҳад, ки бо дастовардҳои техникии муосири соҳа аз наздик шинос шуда, барои мутахассиси арзанда шудан кӯшишу ғайрат намоянд.
Тағоймурод Эшзода