Хабарҳо
Иқдоми хайр
Раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардан ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатон яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик мебошад. Ҳукумати мамлакат барои ғамхорӣ ба ятимон ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардааст. Ин қишри ҷомеа ҳамеша аз дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳои давлат бархӯрдоранд. Ҳамин аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгирии ҳамаҷонибаи қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамасола ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоиашон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рудакӣ, ки дар онҷо 226 нафар кӯдакону наврасон иқомат доранд, кумакҳои моддию маънавӣ мерасонад.
Ин навбат ҳам дар арафаи Соли нави мелодӣ санаи 27-уми декабри соли равон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ иқдоми навбатии хайриявӣ ба мактаб-интернати мазкур сурат гирифт. Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат, ки сарпарастии онро ДДМИТ ба зимма дорад, маводи озуқаворӣ, ба монанди биринҷ, орд, картошка, пиёз, макарон, равған ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. Туҳфаҳоро Диловаршо Муродов, муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ ва Мирзошариф Мирзоолимов, сардори раёсати маъмурию хоҷагидории донишгоҳ ба тарбиятгирандагон тақдим намуданд.
Директори таълимгоҳ Хотима Абдуғафорзода аз кумаку дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуд.
Роҳбарияти донишгоҳ ин анъанаи некро дар оянда низ идома хоҳад дод.
Тағоймурод Эшзода