Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Боз як ҳимояи рисолаи номзадӣ

Боз як ҳимояи рисолаи номзадӣ


Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар донишгоҳ дастовардҳо хеле афзун шуданд, махсусан дастовардҳои илмӣ. Рӯзи 24-уми декабри соли 2022 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-002-и назди муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Қузиева Раъногул Мирмуҳамадовна зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо дар мавзуи «Ташаккули маърифати экологии хонандагони синфҳои 5-9 дар ҷараёни машғулиятҳои беруназсинфию беруназмактабӣ аз биология" рисолаи номзадияшро бомуваффақият ҳимоя намуд. 

Аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ ба Қузиева Раъногул ин дастовардро муборакбод гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогӣ пешравиҳо таманно дорад.