Хабарҳо
Соли 2022 барои ДДМИТ соли таърихиву хотирмон буд
Рӯзи 30-юми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи ғайринавбатии шурои олимон доир гардид, ки дар он ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст маърузаи ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим - ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДДМИТ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишгоҳ дар муддати соли ҳисоботӣ буд.
Ректор дар бораи натиҷаҳои фаъолияти яксолаи таълимгоҳ муфассал суханронӣ карда, барои соли 2023 вазифаҳоро муқаррар ва масъулини соҳаҳои дахлдорро муваззаф намуд. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид.
Сараввал ректор дар бораи дастовардҳои соли сипаригардида истода гузашт ва чунин иброз дошт:
- Соли 2022 дар хотири мардуми азизамон бо заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани мақсадҳои неку созанда ва дастовардҳои нав нақш хоҳад баст. Барои ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ низ имсол бобарору хотирмон ва таърихӣ буд. Бори нахуст дар таърихи ин муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварданд ва ин рӯйдоди муҳимро ҳамагон хуш истиқбол гирифтем. Бинои панҷошёнаи таълимӣ барои 3500 донишҷӯ ба истифода дода шуд, ки дорои 66 синфхонаи барҳавои лексионӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳои кафедраи фаъолияти гумрукӣ, иқтисоди рақамӣ, маркази бонки таълимӣ ва шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, 25 ҳуҷраи корӣ, 4 толори конфронсӣ, лексионӣ, шурои диссертатсионӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бояд эътироф кард, ки дар соли сипаригардида Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёди илмӣ ноил гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин сол омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ба мисли “Илм - фурӯғи маърифат” Панявин Михаил Леонидович - магистранти курси 1-уми ихтисоси молия ва қарз аз рӯйи номинатсияи “Технологияҳои иттилоотӣ” соҳиби ҷойи 2-юм гардид. Инчунин, дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, аз рӯйи номинатсияи эҷоди назму наср Шаҳло Пиримова, донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳисобдорӣ ва омор сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар ин баробар, донишҷӯёни мо дар даврҳои ноҳиявию шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ иштирок ва ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, ки ин боиси фахри таълимгоҳ аст. Ҳамаи ин натиҷаҳои хубу сазовор бовариро ба ояндаи нек афзун намуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда неруи нав ато мекунад.
Ректор ҳангоми ироаи ҳисобот дар ҳамаи самтҳо аз беҳтаринҳо ёдовар шуд, ки дар самти иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, корҳои тарбиявӣ, корҳои таълимӣ ва интизоми меҳнат натиҷаҳои назаррас нишон додаанд ва онҳоро барои дигарон намунаи ибрат хонд.
Аз ҷумла, футзалбозони ДДМИТ дар даври финалии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал, ки миёни дастаҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир гардид, сазовори ҷойи аввал шуданд.
Бояд қайд кард, ки рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2017 инҷониб барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим, сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, маҳорату малакаи касбии омӯзгорон ва амалӣ кардани навҷӯиву навгонӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ роҳандозӣ гардидааст ва дар зарфи 5 сол ДДМИТ мавқеашро устувор нигоҳ дошта, сазовори ҷойи 4-ум мегардад.
Дар баробари пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ ректор, инчунин, аз баъзе камбудиҳое ёдовар шуд, ки барои рушди таълимгоҳ монеа эҷод менамоянд, ба мисли дар сатҳи паст баргузории дарсҳои кураторӣ ва иштирок ба машғулиятҳои ҳамдигар, норасоӣ дар фаъолияти кории бархе аз кураторон эрод гирифта шуд, таҷдид намудани лексияҳои омӯзгорон ва барои ислоҳи камбудиҳо масъулин муваззаф гардиданд.
Барои соли 2023 ректор як қатор вазифаҳоро гузоштанд, ба мисли аз ҷониби озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ бобати рақамикунонии раванди таълим роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ, дар баъзе ташкилоту муассисаҳо таъсис додани филиали кафедраҳо, тақвият бахшидани нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузаронидани ҳамаи ихтисосҳо, ташкили озмунҳои “10 донишҷӯи беҳтарин” ва “Хушсалиқа” ва монанди инҳо, ки барои пешравии донишгоҳ болобурди сифати таълим ва тақвияти корҳои илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ замина мегузоранд.
Дар ҷамъбаст Носиров С., Бобоев Ҷ., Сафаров Б., дар музокира иштирок ва фаъолияти яксолаи донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз корҳои анҷомдодаи раёсати таълимгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва дар ин баробар, барои пешравии фаъолияти минбаъда фикру мулоҳизаҳои мушаххас пешниҳод карданд.
Баъд аз ин, ректори донишгоҳ Ҳ. Абдуалимзода дар боби қадрдонӣ ва сарфарознамоии устодону кормандон сухан карда, натиҷаи озмуни баргузоршударо барои муайян намудани факултет, кафедра, муаллим ва куратори беҳтарини соли 2022 эълон намуд.
Ҳамин тавр, факултети беҳтарин – факултети молия ва қарз дониста шуда, бо тахтаи электронӣ ва ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардонида шуд. Кафедраи беҳтарин дар самти илм – фаъолияти бонкӣ, кафедраи беҳтарин дар самти таълим – ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ, кафедраи беҳтарин дар самти тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ – иқтисодиёти рақамӣ ва логистика дониста шуда, бо ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.
Муаллимони беҳтарин Маъдиев С., Мираков Қ., Буриева М., Фарайдунов Қ. бо 500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Кураторони беҳтарин – Урунбоева Н., Шодиев К., Ҳомидов Р. бо 500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” Панявин М.Л. ва роҳбараш Ғафуров П. ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Пиримова Ш. ва роҳбараш Машхулов Ҷ., директори Китобхонаи илмӣ Юнусов А. бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, ба чанд нафар устодону кормандони дигар барои дастовардҳои беҳтарин дар соли 2022 мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ва Ифтихорнома тақдим карда шуд.
Дар баробари ин, ба ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим барои саҳм гузоштан дар ташкили озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ба профессор Исмаилов Ш.М., Муродов Д., Бобоев Ҷ., Мирзоев А., Қодиров Ҷ. Нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва ба Асоева Б. Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ супорида шуд.
Дар ҷамъбаст ба муҳаққиқоне, ки мақолаашон дар маҷаллаҳои Scopus чоп шудаанд, дар ҳаҷми 500 сомонӣ, ба нафароне, ки рисолаи номзадиашон дар КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд. Ба 92 нафар корманди хоҷагӣ маводи озуқаворӣ – орд, равған ва биринҷ дода мешавад. Ба 6 нафар корманди раёсати тарбия ва эдвайзерони тарбия роҳҳат ба истироҳатгоҳи “Хоҷа-обигарм” супорида шуд.
Ба футзалбозон ва мураббиёни онҳо, варзишгарони ғолиб низ мукофотпулӣ дода шуд.
Дар ҷамъбаст ректори таълимгоҳ аҳли толорро бо омад-омади соли нави мелодии 2023 табрик ва ба ҳозирин саломатӣ, рӯзгори обод ва дастовардҳои навро таманно намуда, дар соли нав фаъолияти аз ин ҳам пурмаҳсулу ташаббусҳои нав ва масъулиятшиносиро хостор шуд.
Машҳура Абдуллоева