Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паёми табрикотии ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2023

Паёми табрикотии ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2023

УСТОДОН, КОРМАНДОН ВА ШОГИРДОНИ АЗИЗ! 


Бо самимият омад-омади Соли нави мелодии 2023-ро ба Шумо табрик гуфта, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон, рӯзгори пурнишот, файзу баракати зиндагӣ ва дар роҳи иҷрои вазифаҳо музаффариятҳои нав ба навро хоҳонам. 
Соли сипаригардида барои мардуми шарафманди мо соли таърихию сарнавиштсоз, пурфайз ва аз рӯйдодҳои таърихиву гуворо саршор буд ва хоссатан барои коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин соли таърихист. Зеро дар таърихи мавҷудияти донишгоҳ аввалин маротиба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин даргоҳи маърифат қадам ранҷа намуданд. Пешвои муаззами миллат бинои нави таълимии донишгоҳро ифтитоҳ намуданд ва ба сифати корҳои анҷомдода ва кори озмоишгоҳҳои кафедраи фаъолияти гумрукӣ, иқтисоди рақамӣ, маркази бонки таълимӣ ва шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим баҳои баланд доданд. Албатта, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ барои тавсеа ва тақвияти фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорон ва боло рафтани донишазхудкунии толибилмон як такони ҷиддие мебахшад. Зеро он ҳама дастуру ҳидоятҳо ва тавсияҳои бороваре, ки Пешвои миллат ба мо доданд, бори дигар аз таваҷҷуҳи беандозаи Роҳбарияти олии кишвар ба рушди маориф шаҳодат медиҳад. Мо дар ҳар қадам ва ҳар лаҳза дастгириҳои Пешвои муаззами миллатро эҳсос менамоем ва аз он баҳра мегирем, зеро натиҷагирии хубу сазовор бовариро ба ояндаи нек афзун намуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда қувваи тоза мебахшад. 
Ин ташрифот бори дигар моро водор месозад, ки бо неруи созандаву фаъолияти эҷодкоронаву ташаббускорона ва муносибати дилсӯзонаву содиқона, шавқу завқ ва болидарӯҳӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва пешравии таълимгоҳ кӯшиш ба харҷ диҳем ва мутахассисони арзандаро ба бозори меҳнат омода созем. 
Умедворам, ки соли 2023 низ барои мо соли фатҳу кушоиш ва соли ташаббусу муваффақиятҳои нав мегардад.

 
Бигзор, Соли нав соли пурфайзу баракот бошад ва ба хонадони ҳар яки Шумо нусрату субот ва тансиҳатию хотирҷамъӣ оварад. 


Соли наватон муборак!