Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бедор кардани завқи донишҷӯ аз маҳорати омӯзгор вобаста аст

Бедор кардани завқи донишҷӯ аз маҳорати омӯзгор вобаста аст

Тибқи супориши роҳбарияти ДДМИТ баҳри баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон санаи 3-уми январи соли равон дар толори таълимии донишгоҳ бо иштироки ҳамаи муовинони ректор, деканони факултаҳо, эдвайзерон, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон семинари методӣ-амалӣ баргузор гардид. 
Баҳодур Ҷурахонзода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим семинарро кушода, дар бораи нақшаҳои таълимии аз тарафи кафедраҳо таҳиягардида, силлабусҳо, риояи реҷаи гузаронидани имтиҳонот, трисеместр, рейтинг, кредит, қарзи академӣ, фарқияти академӣ, масъулияти устоду донишҷӯ, кори мустақилонаи донишҷӯ, апелятсия, истифодаи дурусти вақт дар машғулиятҳо, тақсими соатҳои сарборӣ, мубодилаи байни факултаҳо ва фаъолияти босамари эдвайзерон маълумот дод. 
Ҳадаф аз ташкили ин семинар боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ буда, ҳамаи устодон ба кори он ҷалб хоҳанд шуд. Бояд қайд кард, ки гузаронидани семинарҳои методӣ-амалӣ аз имрӯз оғоз гардида, то 20-уми январ идома меёбад. Дар охир ба ҳар як шунаванда сертификат дода мешавад. 


Тағоймурод Эшзода