Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Фаҳмонидани моҳияти Паёми Пешвои миллат

Фаҳмонидани моҳияти Паёми Пешвои миллат

Санаи 6-уми январ дар донишгоҳ вохӯрӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам ҷиҳати баррасии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он, инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина Файзуллозода ва доираи васеи устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон таъкид дошт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷониба тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. Паёми Роҳбари давлат ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба ин ҳадафҳои бузург аз ҳар як шаҳрванд ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар масъулият талаб менамояд. 
- Чун ҳадафи асосии Паём амалисозии ормонҳои мардум аст ва боварии комил дорем, ки дар ҳамдастӣ дар бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоду фарҳангу маориф ва илм иқдом менамояд, - афзуд баромадкунанда. 


Тағоймурод Эшзода