Хабарҳо
Бо коррупсия якҷоя мубориза мебарем!
Санаи 7-уми январи соли равон дар ДДМИТ мулоқоти Манучеҳр Қурбонзода - нозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Азимҷон Машрабзода - намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Далер Ализода, мутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯён доир гардид.
Сараввал, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бунавша Қодирова иброз дошт, ки ҳадаф аз гузаронидани вохӯрӣ ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа, алалхусус дар байни ҷавонону донишҷӯён ва бартарафсозии омилҳои ба он мусоидаткунанда мебошад. Баромадкунандагон зикр намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз барои решакан кардани амалҳои коррупсионӣ дастҷамъона мубориза мебаранд. Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия дар қаламрави кишвар тадбирҳои судманд андешидааст. Аҳолии ҷумҳурӣ, аллакай дарк кардаанд, ки амалҳои коррупсионӣ барои пешрафти ҷомеа монеа эҷод мекунанд. Бинобар ин, дар пешгирӣ ва мубориза бо он нақши омӯзгорону донишҷӯён калидӣ ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда вазифадор шудаанд, ки барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд, ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҷӯӣ намоянд.
ДДМИТ низ дар ин самт бетараф набуда, баҳри тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муҳимму зарурӣ меандешад.
Тағоймурод Эшзода