Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастовардҳои навбатии илмии донишгоҳ

Дастовардҳои навбатии илмии донишгоҳ

Сол то сол афзудани ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ дар донишгоҳ барои тақвияти илмии таълимгоҳ заминагузор буда, дар болоравии сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон мусоидат менамояд. 
Ногуфта намонад, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба мақоми занон пайваста зиёд мегардад. Ин аст, ки сафи олимони ҷавони донишгоҳ аз ҳисоби занону бонувон низ бештар гардида истодааст, ки ин баҳри пешрафти кору фаъолияти илмӣ-педагогӣ мусоидат менамояд. 
Ин навбат, дар таърихи 6-уми январи соли ҷорӣ дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ Латипова Гуландом Сайҳомидовна дессертатсияи номзадиашро дар мавзуи “Такмили механизми қарздиҳии соҳаи кишоварзӣ” аз рӯйи ихтисоси 08.00.07. - молия, муомилоти пулӣ ва қарз, таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бомуваффақият ҳимоя намуд. 
Асосҳои назариявии таҳқиқоти пажуҳишгарро асосан корҳои илмии олимони ватанӣ ва хориҷӣ, ки ба масъалаи рушди низоми қарздиҳии субъектҳои кишоварзӣ ва роҳҳои имконпазири дастгирии он бахшида шудаанд, ташкил медиҳад. 
Ҳамзамон, дар ҳамин рӯз - 6 январи соли 2023, дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон унвонҷӯи кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ Исайнова Манижа Ҳисайновна дессертатсияи номзадиашро дар мавзуи «Ҷанбаҳои минтақавии таъмини амнияти озуқаворӣ (дар мисоли ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)», аз рӯйи ихтисоси 08.00.03 - иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, и.в. профессори кафедраи молияи ДДМИТ Кошонова Манзура Раҳматҷоновна бомуваффақият ҳимоя кард. 
Бояд қайд кард, ки мақсади тадқиқоти мазкурро асосноккунии назариявӣ ва минтақавии дигаргуниҳои сохторӣ, таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳои назариявию методӣ ва илмию амалӣ оид ба ҳалли муаммоҳо, таҳлили вазъи ҳозира, беҳдошт ва самтҳои амалисозии таъмини амнияти озуқавории минтақа ташкил медиҳад. 
Мо аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин дастоварди Латипова Гуландом Сайҳомидовна ва Исайнова Манижа Ҳисайновнаро муборакбод гуфта, барояшон муваффақиятҳои нави эҷодӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно дорем. 


Наврӯз Ҷобиров