Хабарҳо
Сифати таҳсилот такмил меёбад
Санаи 9-уми январи соли равон дар семинари методӣ-амалӣ сардори раёсати таълими донишгоҳ Асомиддин Қаландаров дар мавзуи «Омодасозии барномаҳои таълимӣ, нақшаи таълим, сохторҳои барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои корӣ (Силлабусҳо)» баромад намуда, доир ба ҷузъҳои сохторӣ, мундариҷаи тавзеҳот, таҳия ва тасдиқ, сохтори барномаҳо, муҳлати азхудкунии барномаҳои таълимӣ баромади пурмуҳтаво намуд.
Ҳамчунин, дар таърихи 10-уми январ дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Саъдулло Носиров дар мавзуи «Дарс - шакли асосии ташкили таълим» бо истифода аз слайд баромад намуд.
Номбурда дар бораи усулҳои фаъоли таълим, методҳо, фаъолкунӣ, проблемагузорӣ дар дарс, усулҳо, истифодаи тахтаи синфӣ, таҳлили илмӣ ва мустаҳкамкунии мавзуъ истода гузашта, иброз дошт, ки дарс бояд самаранок гузарад. Муаллим бояд маҳорати педагогӣ дошта бошад ва диққати донишҷӯро ба худ ва ба фан ҷалб карда тавонад.
Гуфта шуд, ки баъди воридшавии Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мазмуну мундариҷаи таълим такмил ёфта истодааст. Барномаи таълимӣ ин заминаи сифати таълим буда, дар асоси он китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ таҳия мегарданд.
Ҳадаф аз ташкили ин семинар боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ буда, ҳамаи устодон ба кори он ҷалб хоҳанд шуд.
Бояд қайд кард, ки семинари мазкур то нимаҳои моҳи феврал идома меёбад ва дар он омӯзгорони пуртаҷриба ин ва ё он масъалаи самти таълимро баррасӣ намуда, тавсияҳои методӣ медиҳанд, ки барои тақвияти малакаи омӯзгорони ҷавон мусоидаткунанда аст.
Тағоймурод Эшзода