Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳимояи навбатӣ дар соли нав

Ҳимояи навбатӣ дар соли нав

Санаи 7-уми январи соли 2023 дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-019-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ Ҳамза Оралбоев диссертатсияи номзадиашро дар мавзуи “Тавсифи ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологии бандитизм” аз рӯи ихтисоси 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ), таҳти роҳбарии Убайдулло Азиззода – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намуд. 
Мубрамияти мавзуи таҳқиқот бо он муайян карда мешавад, ки дар доираи масъалаҳои ҳалталаби замони муосир яке аз ҷойҳои муҳимтаринро афзоиши ҷинояткории муташаккилона ишғол мекунад. Ин, бешубҳа, зарурати таҳқиқи ин масъаларо, махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пасошуравӣ бештар мегардонад, зеро дар ин ҷо ташаккулёбии муносибатҳои ҷамъиятии комилан нав оғоз ёфтааст. 
Бо дарназардошти ин омӯзиши вазъи ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологии бандитизм дар кишвар мубрамияти хосро касб менамояд. Масъалаи мазкур талаботро барои таҳқиқи илмӣ, назариявӣ ва амалии масъалаҳои муҳими он дар маҷмуи тадбиру воситаҳои маҳдудкунӣ, пешгирӣ ва муқовимат алайҳи бандитизм ба вуҷуд меорад, ки онҳо ба назари мо, ҳам аҳаммияти минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ доранд. 
Мо олими ҷавонро бо ин дастоварди ниҳоят муҳим муборакбод намуда, барояш парвозҳои нави эҷодиро таманно карда, боварию умед дорем, ки корҳои илмии анҷомёфта барои пешрафти кишвар дар амалия татбиқ карда мешавад. 


Тағоймурод Эшзода