Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози курсҳои маҳорати педагогӣ дар донишгоҳ

Оғози курсҳои маҳорати педагогӣ дар донишгоҳ

Тибқи супориши роҳбарияти ДДМИТ аз санаи 18-уми январи соли равон сар карда, ҳамарӯза бо сарпарастии шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим ва иштироки устодони ҷавон курсҳои маҳорати педагогӣ гузаронида мешавад. 
Баҳодур Ҷурахонзода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим дар ҳузури устодони ҷавон баромад намуда, дар бораи мақсади курсҳои омӯзишӣ, омӯхтани таҷрибаи устодони собиқадор, масъулияти устод дар самти баланд бардоштани таълиму тарбия, аз худ намудани илмҳои замонавии ихтисосӣ ва худомӯзии аспирантон истода гузашт. 
Пасон мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ Асадулло Муллоҷонов бо истифода аз слайд бо нишон додани далелҳои таърихӣ оид ба баракат ва ҷойгоҳи илм, илм дар замони ислом, хадамоти форсҳо ва туркон, ҷойгоҳи илм дар замони Темуриён, академияи Улуғбек, Аҳмади Дониш ва маорифпарварон, Айнӣ ва мактаби ҷадидия, Ҳукумати Шӯравӣ ва ҷойгоҳи илм истода гузашта, аз ҳар як омӯзгори ҷавон даъват ба амал овард, ки аз таҷрибаи устодон истифода баранд, машғулиятҳои худро бо сифати баланд, бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва методҳои муосири таълим гузаронанд, худомӯзӣ кунанд. 
Курсҳои маҳорати педагогӣ то 25-уми январ идома меёбанд ва ба ҳар шунаванда сертификат дода мешавад. 


Тағоймурод Эшзода