Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дар мубориза бо коррупсия бетараф набошем

Дар мубориза бо коррупсия бетараф набошем

Дар доираи иҷрои нақша-чорабиниҳои ДДМИТ оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» бо намояндагони мақомоти дахлдор пайваста вохӯриҳо гузаронида мешавад. 
Чунин як семинари илмӣ-амалӣ рӯзи 25-уми январи соли равон дар мавзуи “Дарёфти роҳу усулҳои муосири муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишгоҳ бо иштироки Шодком Турсунзода, сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники адлия ва кормандони раёсати мазкур Умаралӣ Шовализода ва Насим Шамсиддинзода баргузор гардид. 
Сараввал ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, афзуд, ки “фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бетараф набошад” ва мо - устодону донишҷӯёни донишгоҳ низ дар ин ҷода бетараф набудем ва нахоҳем буд, зеро коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, монеи пешравӣ аст. Дар донишгоҳ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни коллективи меҳнатӣ дар бораи муқовимат бо коррупсия гузаронида мешавад. 
Пасон Шодком Турсунзода дар мавзуи “Баъзе масъалаҳои муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ҷамрод Бобоев, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии донишгоҳ дар мавзуи “Истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар самти муқовимат бо коррупсия” ва Умедҷон Шарипов, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДДМИТ дар мавзуи “Раванди иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Чумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар ДДМИТ” баромади пурмуҳтаво намуданд. 
Гуфта шуд, ки мафҳуми “муқовимат ба коррупсия” фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишварро дар бар мегирад. 
Қайд карда шуд, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидан ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади мутобиқ гардонидан ба меъёрҳои зиддикоррупсионии ҷаҳонӣ пешниҳод ва қабул гардидаанд, ки барои дар оянда решакан намудани амалҳои коррупсионӣ мусоидат хоҳанд кард. 


Тағоймурод Эшзода