Хабарҳо
Саҳми гумрук дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар
Таҳти чунин унвон санаи 26-уми январи соли равон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фаъолияти гумрукӣ бахшида ба 31-умин солгарди таъсиёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии донишгоҳӣ баргузор гардид.
Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров семинарро кушода, кормандони ин хадамотро бо Иди касбиашон табрик намуда, дар бораи саҳми мақомоти гумрук дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат изҳори андеша намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳаммияти фавқулода дорад ва гузашта аз ин, дарвозаи ҳар давлат маҳсуб меёбад. Зеро аз фаъолияти мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии зич дорад. Мо бо омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замона дар тақвияти иқтидори кадрии ин мақомот саҳм мегузорем ва таъсиси озмоишгоҳи замонавии фаъолияти гумрукӣ барои болобурди сифати таҳсилот замина мегузорад.
Сипас, бо суханони шодбошӣ намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмадҷонов, полковники хадамоти гумрук ва Абдуқодир Собирзода, майори хадамоти гумрук дар бораи низомҳо, сиёсат ва фаъолияти имрӯзаи гумрукчиён баромад намуданд.
Пасон Саидакмал Мирсаидов, профессори кафедраи фаъолияти гумрукии ДДМИТ дар мавзуи «Гумрук - ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти иқтисоди берунӣ», Мирзо Абдуллоев, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ дар мавзуи «Саҳми мақомоти гумрук дар пешгирии ҷиноятҳои фаромиллии ҳаросафканӣ ва маблағгузориҳои созмонҳои экстремистию террористӣ» баромад карданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Бо мақсади таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон, ташкили назорати гумрукӣ, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва мубориза бар зидди қочоқ 22 январи соли 1991 Саридораи назорати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Новобаста аз мушкилиҳои сиёсӣ ва давраи ҳасостарини инкишофи таърихи давлатдории тоҷикон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 1992 дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ нахустин Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул гардида, мавриди амал қарор дода шуданд.
Кори мақомоти гумрук аз он замон сарчашма гирифта, вазифаҳои ниҳоят мураккаб, ба мисли ҳимояи манфиатҳои иқтисодии давлат, пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва дигар маводҳои хатарнок, барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва пеш бурдани омори гумрукиро ба уҳда дорад.
Мақомоти гумрук дар тӯли 31 соли фаъолияташ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, дар қатори дигар сохторҳои бахши иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзандаи худро дар ҷомеа гузоштааст.
Дар муҳокима собиқадорон ва устодони зерин - Фирӯз Насриддинов, Саидислом Абдуҷабборзода ва Фирӯза Абдулвоҳидова баромад ва вобаста ба беҳтар намудани самти кори мақомоти гумрук таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд. Дар охир меҳмонон аз озмоишгоҳи гумрукии ДДМИТ дидан намуданд ва ба он баҳои баланд доданд.
Тағоймурод Эшзода