Хабарҳо
Иштирок дар ҷаласаи онлайнии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 31-уми январ ҷаласаи онлайнии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буд, баррасӣ гардиданд. Дар ҷаласаи онлайнӣ ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканони факултетҳо, раис ва котиби шурои диссертатсионӣ, мудирони кафедраҳо ва роҳбарони сохторҳои донишгоҳ иштирок доштанд. Дар ҷаласа масъалаҳои иҷроиши нишондодҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, таъмини иҷроиши нақшаи қабули МТОК, таъмини муассисаҳо бо омӯзгорон, омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ, зиёд кардани шумораи омӯзгорони унвондор ва ҷалби грантҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ баррасӣ гардиданд.
Баъди анҷоми ҷаласаи онлайнӣ вобаста ба иҷроиши саривақтии масъалаҳои зикршуда аз ҷониби ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳ.А. ба масъулини сохторҳои марбутаи донишгоҳ супоришҳои қатъӣ дода шуд.