Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзиши муҳтавои Паём дар ҷаласаи шурои занон

Омӯзиши муҳтавои Паём дар ҷаласаи шурои занон

Санаи 31-уми январи соли равон ҷаласаи васеи шурои занону донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид, ки дар он занону донишҷӯёни муассиса ширкат варзиданд. Дар ҷаласа масъалаҳои омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, беҳбудбахшии фаъолияти шуро дар давраи соли 2023 ва фаъолноккунии занону донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар баргузории чорабиниҳо баррасӣ карда шуданд. 
Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бунавшамоҳ Қодирова ифтитоҳ намуда, баён дошт, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бозгӯкунандаи музаффариятҳои 31 соли мавҷудияти давлатдории миллӣ ва мушаххаскунандаи роҳи ояндаи он мебошад. Дар Паём тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муфассал шарҳу тавзеҳ ёфта, дастурҳо баҳри чораандешӣ бобати татбиқи самараноку саривақтии ҳадафҳои давлатӣ баён ёфтанд. Мавсуф дар масъалаи дастгирии занон ибрози андеша намуда, баён дошт, ки сиёсати занон дар Тоҷикистон хусусияти иҷтимоӣ-маъмулӣ гирифта, дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. 
Аз рӯи масъалаи дуюм Тахмина Умаралиева, раиси шурои занону донишҷӯдухтарони донишгоҳ доир ба фаъолияти шӯро дар давраи соли 2022 ҳисобот дода, нақшаи фаъолияти шӯроро барои соли 2023 ба муҳокима гузошт. Зикр гардид, ки соли 2022 бо ибтикори шуро дар муассиса 25 чорабинӣ доир гардид, ки бозгӯи фаъолияти самарабахши ин ниҳод мебошад. 
Гуфта шуд, ки ки соли 2023 дар доираи нақшаи чорабиниҳои шуро дар донишгоҳ озмуни умумидонишгоҳии «Хушсалиқа», ки моҳиятан баҳри ташаккули ҳисси зебоипарастиву худогоҳии занону донишҷӯдухтарон равона гардидааст, доир мегардад. 
- Дар ҳамин замина, мо талош дорем бобати баланд бардоштани мавқеи занон дар муассиса чораҳои муассирро андешида, фаъолияти шуроро ба сатҳи сифатан нав барорем. Барои расидан ба ин мақсад дар соли 2023 бо ба инобат гирифтани фикру мулоҳизаҳои раёсати шуро нақшаи чорабиниҳои он иборат аз 16 банд бо фарогирии 31 чорабинӣ таҳия ва ҷиҳати муҳокима ва тасдиқ ба унвонии ҷаласаи мазкур пешниҳод гардидааст. Пас аз муҳокима нақшаи кории шуро тасдиқ гардид. 
Зимни баргузории ҷаласаи шурои занону донишҷӯдухтарони донишгоҳ Мавҷуда Давлатова, аъзои раёсати донишгоҳ суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаи вазъи фарогирии занону донишҷӯдухтарони муассиса дар чорабиниҳо ибрози назар намуд. Мавсуф баён дошт, ки дар шароити феълӣ масъалаи иштироки занону донишҷӯдухтарон дар чорабиниҳо ба бознигарии ҷиддӣ ниёз дошта, замон тақозо менамояд, ки фарҳанги иштироки занону донишҷӯдухтарон дар чунин чорабиниҳо мувофиқ ба талаботи замон ва ба инобат гирифтани фарҳанги миллӣ роҳандозӣ карда шавад. 
Дар қисмати ниҳоии ҷаласа иштирокчиён бобати беҳбудбахшии кори шурои занону донишҷӯдухтарон ибрози назар намуда, беҳшавии фаъолияти онро ҷиддан тақозо намуд. 


Тахмина Умаралиева, раиси шурои занону донишҷӯдухтарон