Хабарҳо
Тавзеҳи самти иқтисодии Паём
Ҷиҳати омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар факултети иқтисод ва бизнес дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «Рушди низоми суғуртакунонии иқтисодиву молиявӣ ва бонкдориву андозбандии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият» баргузор гардид. Дар он мудирони кафедраҳо, устодон ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Эдвайзер оид ба тарбия Б. Давлатов зимни баромад иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти рӯзмарраи мардуми шарифи Тоҷикистон буда, дар ин санади муҳим дурнамои иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ бозгӯ мешавад.
Роҳбари давлат дар Паём қайд намуданд, ки «Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд».
Дар идомаи дарси кушод Суҳроб Шукуров, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ афзуд, ки дар Паём масоили иқтисодӣ аз оғоз то анҷом нақши марказӣ дошт ва ин бесабаб набуд. Зеро айни ҳол буҳрони иқтисодии комил ҷаҳонро зери таъсир қарор дода, пайомадҳои ниҳоии он барои касе мушаххас нест. Паёми навбатӣ аз он ҷиҳат руҳбаландӣ дошт, ки дар чунин давраи буҳронӣ кишвари мо бо амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ чандин проблемаҳои мубрамро ба осонӣ паси сар намуд.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи суғурта М. Ҳусайнов дар навбати худ гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд. Масалан, дар Паём омадааст, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт, ки дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.
Дар охир дар доираи масъалаҳои рушди соҳаи суғуртакунӣ дар мамлакат ва дигар масоили самти иқтисодӣ музокираҳо сурат гирифт.
Бахтовар Давлатов, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултети иқтисод ва бизнес