Хабарҳо
Ҷорӣ намудани усулҳои идоракунии корпоративӣ
Масъалаи идоракунии корпоративӣ дар иқтисодиёти ҷаҳони муосир, махсусан дар бонкҳои тиҷоратӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода, дар яке аз Паёмҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри андешидани чораҳои мушаххас дар низоми бонкӣ, алалхусус дар самти коҳиш додани хавфҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои идоракунии корпоративӣ изҳори андеша карда буданд.
Дар ин асос, таҳти сарпарастии раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ санаи 2-юми феврали соли равон семинари доимоамалкунандаи умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Муҳаққиқони ҷавон» баргузор гардид. Дар он ассистенти кафедраи аудит ва ревизия Фахриддин Абдулхайров дар мавзуи «Роҳҳои такмилдиҳии идоракунии корпоративӣ дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.
Қайд карда шуд, ки яке аз масъалаҳои баҳсталаб ва муосир такмили идоракунии корпоративиро дар бонкҳои тиҷоратӣ баррасӣ ва зери таҳқиқу таҳлил қарор додааст. Идоракунии корпоративӣ ин истилоҳи нав воридшуда дар низоми бонкдории кишвари мо ба ҳисоб меравад. Барои рушду такомули идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкҳои тиҷоратӣ, ба ақидаи мавсуф, якчанд принсипу механизмҳо ва омилҳои тиҷоратӣ бояд ба назар гирифта шаванд, ки онҳо барои амалӣ сохтани идоракунии корпоративӣ хоҳанд мусоидат кард. Аз ҷумла, яке аз принсипҳои асосии идоракунии корпоративӣ принсипи демократӣ, яъне ҳаракату фаъолияти озоди тамоми кормандони бонк, роҳбарият, менеҷерон, саҳмдорон, ба инобат гирифтани фикру андешаҳои онҳо, саҳми якҷоя барои дастрас намудани фоида ва даромади бонк ба ҳисоб мераванд.
Дар музокираи семинар сардори раёсати илм ва инноватсия Евгения Мирзоева қайд кард, ки низоми бонкӣ яке аз ҷузъҳои марказии иқтисодиётро ташкил намуда, он ҳамчун воситаи пешбарандаи рушди иқтисодиёт арзёбӣ карда мешавад.
Тағоймурод Эшзода