Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Инъикоси масъалаҳои иҷтимоию гендерӣ дар Паём

Инъикоси масъалаҳои иҷтимоию гендерӣ дар Паём

Дар идомаи баргузории семинари омӯзишӣ, ки бо ибтикороти раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ин муассиса роҳандозӣ гардидааст, санаи 4 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва раёсати корҳои тарбиявӣ бо иштироки донишҷӯён оид ба масъалаҳои иҷтимоиву моҳияти сиёсати гендерӣ суҳбат гузаронида шуд. 
Қутбиддин Муқимов, декани факултет зимни суханронии худ иброз дошт, ки аслан моҳияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ характери иҷтимоӣ дорад ва ин арконро Конститутсияи кишвар бо фарогирии ин ки "Тоҷикистон кишвари иҷтимоӣ аст" тобиши расмӣ ё ҷавҳари қонунӣ мебахшад. Ҳама дастовардҳои мо дар заминаи ҳамин ҳадаф амалӣ гардида истодааст, ки шаклан ва меҳваран он ба суди имрӯзу ояндаи миллату давлат хоҳад буд. 
Абдулло Давлатзода дар суханронии худ иброз дошт, ки таваҷҷуҳ ба масъалаҳои гендерӣ ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа унсури калидии иҷтимоикунонии кишвар мебошад. Ӯ баён дошт, ки мо ба эҳтирому арҷгузории ҷойгоҳи фаъолонаи занон дар раванди бунёди давлатдории миллӣ махсус қоил ҳастем ва густариш ёфтани ин раванд метавонад омили ташаккулёбии нигоҳҳои созандаи ҷамъиятӣ бошад. 
Маърузакунандагон зимни баромади худ ҳама паҳлӯҳои мавзуъро шарҳу тавзеҳ дода, аз донишҷӯён даъват намуданд, ки дар мавқеъгирӣ вобаста ба масъалаҳои мавриди назар ба мантиқу дониш, тавсеаи ҷаҳонбинӣ, инчунин худшиносиву худогоҳӣ рӯй биёранд. 


Тағоймурод Эшзода