Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паём - роҳнамо

Паём - роҳнамо

-Танҳо бо истифода аз илм ва маориф мо метавонем пешбурди ҷомеаро таъмин намоем ва ба муваффақиятҳо ноил гардем. Бинобар ин, дастурҳои Президенти кишвар хеле бамаврид буда, аз ҳамаи мо аҳли зиё дар амалисозии онҳо муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Ин нукта санаи 6-уми феврали соли равон дар дарси сиёсию тарбиявии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар доираи масъалаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид. 
Ба донишҷӯёни курси якум С.Темурбекова, декани факултет ва А. Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ дар мавзуи “Афзалияти ташаккули низоми иттилоотикунонии миллии Тоҷикистон василаи калидии ҳимояи амнияту манфиатҳои давлативу миллӣ дар равандҳои муосири ҷангҳои иттилоотӣ ва рақобатҳои геосиёсии минтақавию байналмилалӣ”, бо курси дуюм А. Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим ва Ф.Сафарзода, сардори шуъбаи табъу нашр дар мавзуи “Ташаккули шуури таҳаммулпазирӣ ва хотираи таърихии миллии ҷомеа ҳамчун омили муҳими пешгирии зуҳуроти экстремистиву радикалӣ ва террористӣ дар замони муосир”, бо курси севум Ф. Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ ва П. Ғафуров, мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика дар мавзуи “Шинохту дарки моҳият, зарурат ва муфидии гузаштани Тоҷикистон ба иқтисодиёти рақамӣ дар шароити рушди муносибатҳои муосири иқтисодии ҷаҳонӣ” ва бо донишҷӯёни курси чаҳорум Ф.Раҳимов, дотсенти кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва М. Раҳмонзода, устоди кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт дар мавзуи “Ташаккули низоми электронии муносибатҳои иқтисодию молиявӣ ва бонкдории Тоҷикистон дар шароити муосири ҷаҳонӣ” баромад намуданд. 
Дар раванди дарсҳо вобаста ба аҳамияти Паём дар пешбурди фаъолияти рӯзмарраи соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи мамлакат ва илму маориф сухан рафта, он ҳамчун дастур ва барномаи корӣ муаррифӣ карда шуд. 


Тағоймурод Эшзода