Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳлили истифодаи самараноки замин

Таҳлили истифодаи самараноки замин

Бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи таҳлили иқтисодӣ зермаҳфили «Зеҳн» дар мавзуи «Таҳлили самаранок истифодабарии захираҳои замин дар соҳаи кишоварзӣ» баргузор гардид, ки дар он мудирони кафедраҳо, устодон ва донишҷӯёни ихтисоси иқтисодиёти таҳлилӣ ва танзими давлатии иқтисоди миллӣ иштирок намуданд. 
Дар доираи мавзуи мазкур сармутахассиси шуъбаи идораи замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Элмуродов баромад намуда, иброз дошт, ки солҳои охир бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайиҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд. 
Аз ҷумла соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд. 
Дар натиҷа, дар панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, ба 1,4 баробар афзоиш ёфт. Ҳолати мелиоративии 50 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида шуда, 13 ҳазор гектар замини нав аз худ ва 23 ҳазор гектари аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиш ворид карда шуд. 
Қайд карда шуд, ки масъалаи баррасишаванда муҳим буда, ба устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултет имконият медиҳад, то аз навгониҳои соҳа огаҳӣ пайдо намоянд. 
Дар ҷамъбасти маҳфил саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт. 


Тағоймурод Эшзода