Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мулоқоти судманд бо намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Мулоқоти судманд бо намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Санаи 7-уми феврал дар ДДМИТ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Саидислом Акрамзода бо омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ баргузор гардид. 
Нахуст декани факултет Қутбиддин Муқимов меҳмононро хушомадед гуфта, афзуд, ки ДДМИТ баҳри пешрафти ҷомеа, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва ба роҳи рост раҳнамунсозии онҳо омодааст, ки бо мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ монад. Хусусан, дар самти риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти милитсияи пойтахт ҳамкориҳо тақвият бахшида мешаванд. 
Саидислом Акрамзода дар мавзуи «Хатари паҳншавии терроризм ва экстремизми зӯроварона, ифротгароёна, шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ» сухан ронда, гуфт, ки имрӯз фазои сулҳу осоиштагӣ ва тинҷию амонӣ дар ҷумҳурӣ таъмин буда, сол то сол Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида истодааст. 
Номбурда саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу суботи кишвар назаррас хонд. Мавсуф ҳифзи фарҳанги миллӣ, ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти қудратӣ, баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии ҷавонон, тақвияти ҳушёрии сиёсӣ, соҳибкасб гаштани ҷавонон ва пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниро вазифаи аввалиндараҷаи ҳам мақомоти қудратӣ ва ҳам муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ арзёбӣ намуд. Барои иҷрои ин вазифаҳо тақвияти ҳамкории ин ниҳодҳоро зарур донист. 
Дар охири вохӯрӣ байни иштирокчиён ва баромадкунанда мубодилаи афкор ва пешниҳодҳои муфид ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сурат гирифта, устодону донишҷӯён хоҳони робитаи бештар бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот будани хешро баён доштанд.


Тағоймурод Эшзода