Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мубодилаи байналхалқии донишҷӯён: ҷаҳонбинӣ, таҷриба ва дӯстони нав

Мубодилаи байналхалқии донишҷӯён: ҷаҳонбинӣ, таҷриба ва дӯстони нав

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол ин танзими шароити мусоид ва фароҳам сохтани имконият барои таҳсили ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар мебошад. Дар ин замина зарурати таҳсил дар хориҷи кишвар ва омода кардани кадрҳои соҳибтахассусу забондон дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, вобаста ба ин фонд ва марказҳои махсуси давлатӣ таъсис дода шудаанд. 
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф ва иҷрои саривақтии стратегия, барнома ва нақшаи чорабиниҳои вазорату идораҳои соҳавӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ташкили мубодилаи байналхалқии донишҷӯён тақвият бахшида, донишҷӯёни донишгоҳро дар доираи созишномаҳои байнидонишгоҳӣ ба хориҷӣ кишвар сафарбар менамояд. Қобили қайд аст, ки бо мақсади амалисозии мубодилаи донишҷӯён дар донишгоҳ санадҳои дахлдор омода карда шуда, то ба имрӯз 176 нафар донишҷӯён дар ин барномаҳо иштирок намуданд. 
Бо ба эътидол омадани вазъ ва коҳиш ёфтани маҳдудиятҳои ба пандемияи ҷаҳонӣ алоқаманд раёсати донишгоҳ барномаи мубодилаи донишҷӯёнро фаъол сохта, дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 дар маҷмӯъ 6 нафар донишҷӯён дар доираи барномаи мубодила ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар фиристода шуданд. Аз он ҷумла, донишҷӯёни факултетҳои молия ва қарз, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишгоҳ барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи “Нархоз”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Петрозаводски Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистони Федератсияи Россия ва Мактаби олии иқтисодии Перми филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии Мактаби олии иқтисодии Федератсияи Россия равон гардиданд. 
Дар баробари ташкили мустақими барномаи мубодилаи донишҷӯён, ҳамчунин курсҳои маҷозӣ низ ташкил карда мешаванд, ки дар соли таҳсили ҷорӣ 12 нафар донишҷӯён дар курсҳои маҷозии Донишгоҳи менеҷменти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, соҳиби сертификат гардиданд. 
Барномаи мубодилаи донишҷӯён ва устодон дар оянда низ идома ёфта, бо ин мақсад дар асноди рушди стратегии донишгоҳ ва нақшаи амалисозии он самти мазкур афзалияти хос дорад.