Хабарҳо
Ҳисоботи фаъолият дар ҳузури намояндагони ВАО
- Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон робитаҳои байналмилалиро вусъат бахшида, дар соли 2022 бо 6 донишгоҳ ва ташкилоти хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ бастааст ва дар умум бо 126 муассиса ҳамкорӣ дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо ва барномаи мубодилаи донишҷӯён 8 нафар толибилми мо дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил намуда истодаанд.
Ин нуктаро ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим зимни нишасти матбуотӣ, ки санаи 8-уми феврали соли равон доир гардид, ба рӯзноманигорон иброз дошт.
Дар оғоз ректори донишгоҳ роҷеъ ба дастовардҳои навини донишгоҳ ба ҳозирин маълумот дода, фаъолияти устодону донишҷӯён ва кормандонро назаррас ва самарманд арзёбӣ кард. Аз ҷумла ишора кард, ки соли 2022 барои ДДМИТ соли хотирмон ва фаромӯшнашаванда буд, зеро бинои нави таълимии 5-ошёна бо таҳхонааш бо тарҳи замонавӣ барои зиёда аз 3000 ҷойи нишаст дар як баст ифтитоҳ карда шуд. 20 декабри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз 66 синфхонаи замонавӣ – озмоишгоҳи таълимии гумрукӣ, озмоишгоҳи таълимии иқтисодиёти рақамӣ, бонки таълимӣ иборат аст. Ин синфхонаҳо ҷиҳати дар раванди дарсҳо назарияро бо амалия мутобиқ сохтан таъсис дода шудаанд, аз ҷумла озмоишгоҳи гумрукии ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй, ки бо як қатор дастгоҳҳои техникии назорати гумрукӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар назир надоранд, гуфт ректор.
Абдуалимзода Ҳ. дар идома дар бораи корҳои илмию тадқиқотии устодони таълимгоҳ ёдовар шуда, афзуд, ки аз 7 январи соли 2022 дар назди ДДМИТ шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 бо ҳуқуқи ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ дар се ихтисос ба фаъолият оғоз намуда, дар соли ҳисоботӣ дар қатори дигар муҳаққиқон 4 нафар унвонҷӯи донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро муваффақона ҳимоя намуданд. Дар умум дар соли сипаригардида 10 нафар унвонҷӯи донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, иқтидори илмии донишгоҳро тақвият бахшиданд.
Ректор дар бораи дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ низ ёдовар шуда, аз дастгириҳои таълимгоҳ барои ҳавасмандии онҳо гуфт. Аз ҷумла дастоварди магистранти курси 1 дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, 1 нафар ғолиби даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, 1 нафар дар озмуни “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника” ва 1 нафар ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Конститутсия” гардид, ки номи таълимгоҳро баланд бардоштанд ва бозгӯи завқу қобилияти баланди донишҷӯён аст.
Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО, аз ҷумла аз радиои “Садои Душанбе”, АМИТ “Ховар”, рӯзномаи “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Народная газета”, “Паёми Душанбе” ва дигар нашрияҳо ба ректори таълимгоҳ вобаста ба самтҳои таълим, тарбия, корҳои илмию тадқиқотӣ, равобити байналмилалӣ, шарту талаботи таҳсилоти фосилавӣ, вазъи таъминот бо хобгоҳ, иҷрои нақшаи қабули довталабон, шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ва шарту шароити таҳсили эшон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар донишгоҳ, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва дигар барномаву стратегияҳои давлатӣ ва вазифаву нақшаҳои ояндаи роҳбарият пурсон шуда, посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Машҳура Абдуллоева