Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзиши Паёми Пешвои миллат

Омӯзиши Паёми Пешвои миллат

Вобаста ба нақшаи баргузории дарсҳои кушоди сиёсӣ омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 7-уми феврали соли 2023 дар факултети иқтисод ва бизнес дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «Аҳаммияти Паём дар рушди иқтисодии кишвар» баргузор гардид 
Чорабинии мазкурро декани факултет. Б.Сатторзода оғоз намуда, гуфт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти рӯзмарраи мардуми шарифи Тоҷикистон буда, дар ин санади муҳим дурнамои иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ бозгӯӣ мешавад. Бояд қайд намоем, ки дар Паём ба масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон диққати махсус дода мешавад. 
Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд. 
Пас он А.Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ қайд намуд, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили иқтисодӣ аз оғоз то анҷом нақши марказӣ дошт ва ин бесабаб набуд. Зеро айни ҳол буҳрони иқтисодии комил ҷаҳонро зери таъсир қарор дода, пайомадҳои ниҳоии он барои касе мушаххас нест. Паёми имсола аз он ҷиҳат руҳбаландӣ дошт, ки дар чунин давраи буҳронӣ кишвари мо бо амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ чандин проблемаҳои мубрамро ба осонӣ паси сар намуд. 
Қайд карда шуд, ки омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар донишҷӯ зарур буда, он барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа мусоидат менамояд. 


Тағоймурод Эшзода